Мамитов: “Тоҷикистон аз Хоҷаи Аъло то Ворух 10 км роҳ хост, ки рад кардем”
Тоқон Мамитов, ноиби нахуствазири Қирғизистон, гуфтааст, онҳо ба пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди ҷудо кардани 10 километр роҳи мустақим аз Хоҷаи Аъло то Ворух посухи рад додаанд. Ӯ дар ин бора дар сӯҳбат бо нашрияи қирғизии “Фабула” изҳори назар кардааст.
Ноиби нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, “то замони бӯҳрон мо роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ-Хоҷаи Аълоро истифода мекардем ва ҳоло дар фикри боз кардани роҳи наве нестем. Онҳо метавонанд аз ин роҳи мо истифода кунанд, ба шарте ки ба сокинони маҳаллӣ халал нарасонанд. Дар ғайри сурат, роҳ баста хоҳад шуд.”
ТАМОМИ АХБОРИ МАРБУТ БА БАҲСИ БИШКЕКУ ДУШАНБЕ ДАР ИНҶОСТ
Тоқон Мамитов дар идомаи сӯҳбаташ гуфтааст, ҳоло Тоҷикистон на ба масъалаи роҳ, балки бештар ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ таваҷҷуҳ дорад. Зеро, ба қавли муовини нахуствазири Қирғизистон, дар пайи баста шудани марз, Тоҷикистон миллионҳо зиён дидааст. “Мо ҷониби Душанберо огоҳ кардем, ки ҳоло гузаргоҳҳоро боз карданӣ нестем”,-афзудааст ӯ.
Вай илова кардааст, ки ҳоло Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди берун кашидани нерӯҳои иловагияшон аз марз ба тавофуқ расида, инчунин, мувофиқа кардаанд, ки марзро якҷоя ҳимоя мекунанд. Мамитов дар бораи сохтмони роҳи баҳсбарангези Қирғизистон ҳам сӯҳбат карда, гуфтааст, онҳо сохтмонашро қатъ карданӣ нестанд. “Барои он ки ин роҳро мо дар замини худ месозем. Тоҷикон эътироз доранд, ки ин роҳ аз 7 сотих замини шаҳрванди кишварашон мегузарад. Вале ин замин ҳам баҳсбарангез аст. Мо аз тоҷикҳо тақозо дорем, ки Душанбе хисороти рӯзи 11 январро пардохта, ба нотаҳои фиристодаамон ҷавоб гӯяд”,-таъкид кардааст ӯ.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.
Задухӯрди мусаллаҳона миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар маҳалли Хоҷаи Аъло, ки дар пайи идомаи сохтмони роҳи баҳсбарангез рӯзи 11 январи соли ҷорӣ сурат гирифт, муносибати ду кишварро ба бӯҳрон рӯбарӯ кардааст. Дар пайи ин тирпаронӣ ҷонибҳо якдигарро муттаҳам карда, Бишкек сафирашро аз Душанбе фаро хонд ва то ҳол ба ҷои кораш нафиристодааст. То кунун чанд даври музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Суғду Бодканд ва Бишкек баргузор шуда, ҷонибҳо дар марвиди берун кашидани нерӯҳои иловагияшон аз марз тавофуқ кардаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)