Пажуҳиш: Матбуоти тоҷик аз узбаку қазоқу туркман озодтар аст
Тоҷикистон дар гузориши ҷадиди созмони “Хабарнигорони бидуни марз” аз рӯи озодии матбуот ва сухан аз Қирғизистони ҳамсоя 18 зина қафо монда, миёни 180 кишвари ҷаҳон дар мақоми 115-ум қарор гирифтааст.
Тибқи ин гузориш Тоҷикистон аз рӯи озодии баён нисбат ба дигар кишварҳои минтақа пешсаф мебошад: “Аз ҷумла Қазоқистон дар зинаи 161, Узбакистон-166 ва Туркманистон дар зинаи 178-ум қарор дорад.”
“Хабарнигорони бидуни марз” мегӯяд, озодтарин матбуот дар Финляндия, Нидерландия, Норвегия ва маҳдудтарин дар Туркманистон, Кореяи Шимолӣ ва Эритерия мавҷуд аст. Таҳиягарони ин раддабандӣ ба сатҳи гуногунандешӣ, муҳити иттилоотӣ, заминаи қонунӣ, шаффофият, инфрасохтор ва худсензура баҳо додаанд.