Қарори Шӯрои уламо: “Сархатиб... ва раис ҳаққи имоматиро доранд” (ВИДЕО)
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, қарор кардааст, ки фақат имомон, имом-хатибон, сархатибон ва раиси Шӯрои уламо аз нигоҳи мақомашон ҳаққи имоматӣ дар намози ҷанозаро доранд. Ин қарори Шӯрои уламо рӯзи 6 феврал дар пайи баҳси Ҷамолиддин Амонуллозода, сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ бо Эшони Нуриддинҷон, рӯҳонии саршиноси тоҷик, дар ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ, ки ахиран расонаӣ шуд, содир гардидааст.
Раёсати фатвои Шӯрои уламо гуфтааст, “ин тасмим танҳо ба хотири ба танзим даровардани намози ҷаноза ва имоматӣ дар он бо такя ба сарчашмаҳои муътамади мазҳабӣ гирифта шудааст”. Дар ин қарор омадааст, “баъзан дар масъалаи баргузории намози ҷаноза ва имоматӣ дар он баҳсу мунозираҳо рух медиҳанд ва чунин ҳолатҳо боиси коста гардидани обрӯи ходимони дини мубини Ислом гаштаву ба сар задани ихтилофҳо миёни шаҳрвандон оварда мерасонанд.”
Дар замимаи ин қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз китобҳои фиқҳӣ низ чанд далелу иқтибос оварда шудааст. Дар яке аз ин иқтибосҳо, ки аз китоби “Мухтасар-ул виқоя” (саҳифаи 28) овардаанд, омадааст, “барои гузаронидани намози ҷаноза султон, сипас қозӣ, баъд аз он имоми маҳалла, баъд аз он валии майит сазовортар аст”. Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, бо нашри матлабе дар сомонаи хонаводагияшон иҷрои васияти майитро ҳатмӣ ва интихоби имомро барои гузоридани намози ҷанозааш аз нигоҳи Ислом ҳаққи ворисон хонд. Ӯ гуфт, “соҳибони майит ҳаққи интихоби имомро доранд ва касе ҳуқуқ надорад бе иҷозаи онҳо имоми намоз шавад, хоҳ муфтӣ бошад хоҳ хатиб.”
Тӯраҷонзода аз суханони Имоми Аъзам иқтибос оварда, таъкид кардааст, ки ворисони майит аз султону қозӣ ва муфтӣ дида, ҳаққи бештар ба интихоби имом доранд. “Модоме, ки вориси майит авлотар ба имоматӣ аз дигарон бошад, пас, ӯ метавонад намози ҷанозаро ба ҳар касе хоҳад вогузор кунад ва касе ҳақ надорад ин ҳаққи ворисро нодида бигирад”,-гуфтааст ӯ. Ба қавли Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, нодида гирифтани васияти майит ва ҳаққи соҳибони ӯ як навъи маҳдудкунии озодии онҳо бидуни далели шаръӣ мебошад.
Як моҳ пештар дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” роҳ ёфт, ки мавриди баҳси зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, писари муфтии собиқи Тоҷикистон, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)