Шумо Рӯзи ошиқон (Валентина)-ро ҷашн мегиред?
Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” дар пайи як пажуҳиш муайян кардааст, ки 59 дарсади сокинони Тоҷикистон аз рӯзи Валентини муқаддас ё Рӯзи ошиқон, ки ҳамасола 14 феврал қайд мешавад, хабар доранд. Тибқи иттилоияе, ки ин Марказ нашр кардааст, занҳои Тоҷикистон нисбат ба мардҳо ба рӯзи ошиқон таваҷҷуҳи бештар доштаанд.
“Миёни пурсидашудагон 62 дарсади занҳо ва 56 дарсади мардҳо гуфтаанд, аз ин ҷашн огоҳӣ доранд”,-хулоса кардааст “Зеркало”. Ин маркази назарсанҷӣ меафзояд, 41 дарсади иштирокдорони пурсиш гуфтаанд, дар рӯзи ошиқон танҳо шахси наздикашонро табрик мекунанд, аммо 31 дарсад изҳор доштаанд, ки рӯзи ошиқонро ҷашн мегиранд.
Ин Марказ муайян кардааст, ки аз Рӯзи ошиқон бештар насли ҷавон огоҳанд. Дар таносуби минтақаҳо “Зеркало” овардааст, ки аз ҳама бештар дар Суғд – 64%, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Бадахшон 60% ва аз ҳама кам дар ноҳияҳои тобеи марказ 55 дарсади пурсидашудагон аз рӯзи ошиқон хабар доранд./size]