Био-Папа: "Натиҷаи ҳарду ташхиси ДНК-и Зайд Саидов манфӣ буд"
Пажӯҳишгоҳи мустақили “Био-Папа” дар Русия изҳороти Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, ки хулосаи ташхиси ин лабораторияро зери шубҳа гузоштааст, бе асос хонд.
Ҷаноби Саидов дар нишасти ахири хабарияш гуфта буд, натиҷаи ташхиси ДНК-е, ки вакилони Зайд Саидов, раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, аз номи “Био-Папа” пешниҳод кардаанд, тақаллубист. Дар ҳоле ки ташхиси аввалияи ДНК-и Зайд Саидов аз сӯи муфаттишони Оҷонсӣ низ дар ҳамин Пажӯҳишгоҳ гузашта, бар асоси он гӯиё 99,9 дарсад падарии ӯ дар “парвандаи аввали таҷовуз ба номус” тасдиқ шудааст.
Лилия Лазарева, намояндаи клиникаи “Био-Папа”, рӯзи 11 феврал дар суҳбат бо Озодагон гуфт, “мо тоза изҳороти раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистонро дастрас кардем. Ӯ моро як лабораторияе донистааст, ки гӯиё қодир аст ба ивази маблағ ба ҳар кор даст занад. Аммо дар асл чунин нест.” Лазарева таъкид намуд, ҳоло намояндагони “Био-Папа” изҳороти Фаттоҳ Саидовро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва баъдан эҳтимол ҳуқуқшиносонашон ба Вазорати умури хориҷии Русия дар ин маврид муроҷиат кунанд. Ба гуфтаи ӯ, аз ин тариқ мехоҳанд, дар минбаъда аз изҳороти беасос дар ҳаққи онҳо ҷилавгирӣ шавад. “Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шаъни худро ҳифз кунем”,-афзуд Лазерева.
Ин масъули “Био-Папа” шарҳ дод, ки лабораторияи онҳо ду навъи ташхис - додгоҳӣ ва иттилоотиро мегузаронад. Дар мавриди қазияи Зайд Саидов, ки гӯиё дар ташхиси аввалияи “Био Папа” 99,9 дарсад падари фарзанди яке аз “ҷабрдидагон”-и парвандаи таҷовуз будани ӯ тасдиқ шудааст, Лазарева муфассал нақл кард: “Аввалан намунаҳое, ки моҳи августи соли 2013 аз тарафи шахси номаълум пешниҳод шуд, танҳо барои ташхисҳои иттилоотӣ буд, на додгоҳӣ. Бояд гӯям, ки барои ташхиси додгоҳӣ ҳузури ҷонибҳо ҳатмист. Барои мо намунаи се нафарро фиристоданд: модар, кӯдак ва хун дар дока. Хун дар дока бо ҳамон намуна - мӯйи сари Зайд Саидов бо решааш, ки баъдан вакилони ӯ оварданд, мувофиқ омад.”
Лазерева мегӯяд, дар ҳар ду ҳолат ҳам натиҷаи падарии Зайд Саидов комилан рад карда шудааст. “Натиҷаи ташхиси ДНК ё сад дарсад мусбат мебарояд ё манфӣ. Ин ташхис дигар ягон ҷой барои шубҳа намегузорад. Метавонанд натиҷаи ташхиси моро дар ҳар клиникаи дигари ҷаҳон тафтиш кунанд, аммо натиҷа ҳамон хоҳад буд, ки Зайд Саидов падари он кӯдак нест”,-таъкид кард ин масъули “Био Папа”.
Вай афзудааст, “агар додгоҳ ва ё тафтишот барои дақиқ кардани асли воқеа манфиатдор бошанд, пас, мо бо дархости ҷонибҳо метавонем ба ҳайси шоҳид баромад кунем”. Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва моҳи декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро дар қаллобӣ, сӯиистифода аз мансаб, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус гунаҳкор донист.