Иҷозаи Убайдуллоев барои таҷлили солгарди хориҷшавии нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар пайи муроҷиати Иттиҳоди ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон иҷозат додааст, ки 25-умин солгарди баровардани қўшунҳои Иттиҳоди Шўравӣ аз Афғонистон дар пойтахти кишвар таҷлил гардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев қарор кардааст, чорабиниҳо бахшида ба ин сана, 15-уми феврали соли равон дар назди муҷассамаи А.Мироненко, воқеъ дар кӯчаи Маяковский баргузор гарданд.
Шаҳрдори Душанбе ҳадаф аз ин қарорашро арҷгузорӣ ба корнамоиҳои афсарону сарбозоне, ки дар қўшунҳои Иттиҳоди Шўравӣ дар Афғонистан қарзи башардўстонаи худро иҷро кардаанд ва ҳамчунин тарбияи ҳарбӣ-ватандўстии ҷавонон арзёбӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ Убайдуллоев ба мақомоти умури дохилӣ ва умури амнияти миллӣ дар Душанбе дастур додааст, ки амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро дар ҷойи баргузории ин чорабинӣ таъмин намоянд.