Номаи аъзои гуруҳи “Забони порсӣ” ба Гавҳар Шарофзода
Беш аз 80 узви гуруҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук бо навиштани номае ба Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, аз тасмими ахири ӯ дар бораи тағйири номи баъзе фурӯшгоҳу тарабхона ва қаҳвахонаҳо, бахусус “Pizza” ба “Питзо”, истиқбол кардаанд. Инчунин, дар ин нома изҳороти Шарофзода, ки гуфт, ҳазфи пасвандҳои русӣ аз насаб “рисолати ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст”, фоли нек дониста шудааст.
Ин дар ҳолест, ки табдили “Pizza” ба “Питзо” боиси баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, ҳоло гуруҳе низ бо номи “Питзостан” ташкил ёфтааст. "Шуморе ҳам ба тағйири овонигории вожаҳое чун “питзо” (pizza) эътироз кардаанд, ки ҳамаи онҳо, бидуни истисно, аз қоидаҳои овонигорӣ ва таронависӣ дар забонҳои мухталиф, бавежа забони мо, огоҳ нестанд ва ба тарзи навишту талаффузи русии вожагон, ки бо рӯҳи забони порсӣ ҳамхонӣ надорад, пойбандии шигарфе доранд. Тасмими Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар мавриди “питзо” ва мавориди мушобеҳ комилан ҳирфаӣ буда ва шоёни дастгирист",-навиштаанд номанависон.
Матни номаи аъзои гуруҳи “Забони порсӣ” ба Гавҳар Шарофзода, ки то ҳоло зераш беш аз 80 нафар имзо гузоштаанд:
"Бону Гавҳар Шарофзодаи арҷманд,
Ин номаро ба чанд далел менависем. Нахуст, интисоби Шумо ба мақоми раёсати Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистонро – ҳарчанд бо деркард – шодбош мегӯем. Сипас, тағйири номи хонаводагии Шумо ва тазаккуратон дар мавриди “рисолати миллии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон”-ро ба фоли нек мегирем. Ва саранҷом, аз нахустин иқдомоти Шумо дар симати раёсати Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тамҷид мекунем ва дуродур дасти азизи Шуморо мефишорем.
Забони порсӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои истеъмори Шӯравӣ ва бесарусомонии пасошӯравӣ ба андозае бепаноҳ мондааст, ки тармими он заҳмати фаровоне мехоҳад. Аммо аз нахустин гомҳои Шумо пайдост, суккондори сазовори ин киштӣ ҳастед ва сояи балоро аз сари забони Рӯдакӣ дар сарзамини Рӯдакӣ батадриҷ дур хоҳед кард. Дар ин росто аз мо ҳар кумаке сохта аст, дар хидматем ва беандоза сарафрозу сипосгузор хоҳем буд, агар аз андӯхтаҳои гурӯҳи фейсбукии “Забони порсӣ” (яке аз бузургтарин гурӯҳҳои тоҷикистонӣ) дар сурати зарурат баҳра бигиред. Ҳарчанд мутмаиннем, ки бидуни кумаки мо ҳам аз бизоъати кофию вофӣ бархурдоред.
Ҳосили солҳои парешонӣ наслҳои парешонанд, ки илзоман аҳаммият ва зарурати иқдомҳои Шуморо дарнамеёбанд. Бархе ҳатто мепурсанд: “Ислоҳи забон ба кӣ даркор, вақте ки барқ надорем?!”, ғофил аз ин ки тармими хутути барқ аз вазифаҳои Кумитаи забон ва истилоҳот нест ва ҳамоно тармими забон аст, ки дар ҳитаи коркардҳои ин ниҳод мегунҷад. Шуморе ҳам ба тағйири овонигории вожаҳое чун “питзо” (pizza) эътироз кардаанд, ки ҳамаи онҳо, бидуни истисно, аз қоъидаҳои овонигорӣ ва таронависӣ дар забонҳои мухталиф, бавежа забони мо, огоҳ нестанд ва ба тарзи навишту талаффузи русии вожагон, ки бо рӯҳи забони порсӣ ҳамхонӣ надорад, пойбандии шигарфе доранд. Пас дидгоҳи ононро низ наметавон бар кафаи тарозуи арзёбиҳои ҳирфаӣ гузошт. Тасмими Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар мавриди “питзо” ва мавориди мушобеҳ комилан ҳирфаӣ буда ва шоёни дастгирист.
Ҳадафи мо аз навиштани ин нома эъломи ҳимоят аз шахси Шумо ба унвони раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ва нахустин иқдомотест, ки дар ин симат анҷом додаед. Бидонед, ки қишри азиме аз мардуми порсизабони таҳсилкардаи Тоҷикистон бо Шумост ва побапои Шумо ин роҳро хоҳад паймуд, то забони порсӣ дар хостгоҳи худ бар ҷойгоҳи муносибаш қарор бигирад.
Зимнан, мо, имзокунандагони ин нома, муътақидем, ки дабираи кунунии забони мо дарбеҳпазир нест ва танҳо роҳи чора гузор ба дабираи модарии тоҷикон, хатти порсӣ аст. Мусалламан, медонем, ки дар ин роҳ монеъҳои бисёре вуҷуд дорад, аммо мутмаиннем, ки мавонеъро бо дироят ва тафҳими зарурати гузор ба хатти порсӣ барои наҷоти ин забон мешавад пушти сар гузошт. Дар ин замина ҳам, агар ҳар хидмате аз мо бармеояд, дареғ нахоҳем дошт.
Боқӣ саъодату комгории Шумо дар ин мақоми муҳимму ҳаётиро хосторем." Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)