Боздошти муовини вазири дифоъ бо иттиҳоми ришваситонӣ
Кормандони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар шаҳри Остона бо иттиҳоми гирифтани пора ба миқдори зиёд Багдот Майкеев, муовини вазири дифои кишварро боздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “Интерфакс-Казахстан” бо такя ба як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Майкеев ҳоло дар боздоштгоҳи КАМ буда, тафтишоти қазия идома дорад. Дар мавриди чӣ миқдор будани ҳаҷми пора ва дар кадом шароит дастгир шудани мансабдор иттилое нест.
Майкееви 60 сола аз соли 2011 курсии муовини вазири дифоъро дар ихтиёр дошт. Дар гузашта ба сифати мушовири вазири умури дохилӣ ва раҳбари департаменти умури дохилии вилояти Алмаато кор кардааст, менависад Tengrinews.kz