Фаттоҳ Саидов: “Ҷудоии Шоҳруху Шаҳрзода масъулияти онҳост”
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон, ахиран ба қазияи келину писараш дахл карда, ҷудоии Шоҳрух Саидов аз Шаҳрзода Абдуллоеваро тасдиқ намудааст. Ҷаноби Саидов, ки дар ин бора бо хабаргузории “Тоҷнюз” сӯҳбат кардааст, гуфтааст, “ин масъулияти ҳардуи онҳост”.
Вай, ба ин тартиб, хабарҳои паҳншуда дар Фейсбук дар бораи ранҷу машаққати Шаҳрзода Абдуллоева, ҳамсари собиқи Шоҳрух Саидовро, ки гӯиё бо як фарзанд аз дарёфти мерос ва ҳаққи бештар аз хонаводаи раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ маҳрум мондааст, рад кардааст. Фаттоҳ Садиов гуфтааст, бо келини собиқаш дар бораи манзил ё нақзи ҳуқуқи ӯву тифли хурдсолаш баҳс надоранд. “Ин иддао асоси воқеӣ надорад ва ҳар рӯз келини собиқ ва набераамро хабар мегирам”,-гуфтааст ӯ дар сӯҳбат бо “Тоҷнюз”.
Ҳафтаи гузашта дар Фейсбук хабаре паҳн шуд, ки бар асоси он Шаҳрзода Абдуллоева, ҳамсари собиқи Шоҳрух Саидов -- писари Фаттоҳ Саидов аз нақзи ҳуқуқаш шикоят кардаву гуфтааст, тамоми муроҷиаташ ба мақомоти давлатӣ бе натиҷа буданд. Аз ҷумла, хабарнигори тоҷик Сафват Бурҳонов низ навишта буд, “фарзанди роҳбари Оҷонсии зидди фасод Фаттоҳ Саидов - Шоҳрух баъд аз як соли издивоҷ ҳамсараш Шарҳрзода Абдуллоеваро бо як фарзанди хурдсол бе ҳеч ҳуқуқе ҷиҳати тақсими мерос аз хона ронд.”
Издивоҷи Шоҳрух Саидов бо Шаҳрзода Абдуллоева охири соли 2009 сурат гирифтаву соли 2011 Шоҳрух гӯиё никоҳи пешинаашро бекор накарда, бо дигар духтар расман издивоҷ кардааст. Дар хабарҳои паҳншуда дар Фейсбук омадааст, “Абдуллоева бо як тифли хурдсол дар ба дар асту аз таҳдиди хонаводаи Саидов ҷуръати талаби ҳуқуқашро надорад.”
Шоҳрух Саидов, писари раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ, дар ҳоли ҳозир раиси бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбест. Ӯро яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, раиси Хадамоти гумрук ва фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ медонанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)