Назриддинов ба дуздии 2 миллион сомонӣ муттаҳам шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, маъмурони пулис дар кори раиси пешини корхонаи “Артели заршӯии Помир” камбудҳоро ошкор кардаанд.
Бар асоси иттилои ин ниҳод, зимни санҷиш муайян шудааст, ки Шоҳамдам Назриддинов тайи солҳои раисияш (2011-2012) аз минтақаи кории, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, маводи гуногун, аз ҷумла қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт ва металҳоро, бо арзиши 2 миллион сомонӣ фурӯхта, аз худ намудааст.
Манбаъ меафзояд, ҳоло нисбат ба Назриддинови 60-сола, ки истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе аст, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.