Нахустин клипи иҷтимоии Нигина Амонқулова - "Дар оғӯши ту мемирам" (АКС)
Нигина Амонқулова, овозхони ҷавони тоҷик, рӯзҳои наздик клипи нави худро муаррифӣ мекунад.
Беҳруз Насриддинов, директори тиҷоратии студияи "Huseniyon production" мегӯяд, ин клип бар матни таронаи "Дар оғӯши ту мемирам" дар коргардонии Азамат Ҳусейн, раҳбари “Huseniyon production” таҳия шуда,нахустин клипи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аст. "Мақсади асоси клип ба меҳрубонӣ ва ғамхорӣ талқин намудани мардум аст",- афзуд ҷаноби Насриддинов.
Суруди "Дар оғӯши ту мемирам"-ро Нигина Амонқулова охирҳои соли 2013 вориди бозор намуд. Амонқуловаро таронаи “Шаби маҳтоб” маъруф кард. “Танҳоӣ”, “Азизам”, “Муҳаббати ту”, “Набудӣ” ҳам аз сурудҳои сершунавандаи ӯянд.Аксҳо аз лаҳзаи ба наворгирии клипи нави Нигина: Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)