Лора Так дар бораи анҷоми ташхиси Роғун, зиддияти Амрико ва CASA-1000
Лора Так, ноиби раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, гуфт, ташхиси фаннию иқтисодии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” то миёнаҳои соли ҷорӣ ба анҷом хоҳад расид. Ӯ ин ҳарфҳоро дар нишасти хабарии кӯтоҳи худ дар Душанбе баён дошт.
Ноиби раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврпуою Осиёи Марказӣ изҳори умед кард, ки натиҷаи ин ташхис ба ҳамаи суолҳои марбут ба “Роғун” посухи қонеъкунанда хоҳад дод. “Пас аз ин, барои қабули қарорҳои минбаъда дар мавриди ин лоиҳа шароит фароҳам хоҳад шуд”,-афзуд ӯ. Лора Так аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон барои гузарондани ташхиси байналмилалии Роғун истиқбол карда, изҳор дошт, ки Душанбе тамоми шароитро барои шаффофу озод гузарондани таҳқиқ муҳайё кардааст. Вай, инчунин, пуштибонияшонро аз лоиҳаи хатти интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ, яъне CASA-1000, низ баён дошта, изҳори умед кард, ки баҳори соли равон санади сармоягузории ин лоиҳа аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ба тасвиб мерасад.
Ин масъули Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди иқдоми ахири Амрико алайҳи бунёди сарбандҳои бузург дар ҷаҳон гуфт, “Амрико танҳо яке аз саҳмдорони Бонки Ҷаҳонӣ аст. Бонки Ҷаҳонӣ саҳмдорони дигари манфиатдорро низ дорад. Ҳамаи онҳо мунтазам доир ба масоили гуногун назару муносибати хешро баён мекунанд. Мо ҳамаи онҳоро шарҳ намедиҳем ва назари худро низ баён намекунем, чун баёни мавқеъ ҳаққи ҳар давлати мустақил аст."
Ин дар ҳолест, ки Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, қонунеро имзо кард, ки бар пояи он амрикоиҳо дар мудирияти созмонҳои молиявии байналмилалӣ уҳдадоранд, алайҳи бунёди сарбанд (плотина)-ҳои бузург дар ҷаҳон баромад кунанд. Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, шаҳрвандони Амрико дар созмонҳои байналмилалии бонуфуз бояд алайҳи тасвиби ҳар гуна ҳуҷҷату сармоягузорие баромад кунанд, ки ба бунёди сарбандҳои бузург равона шудааст. Ин дар ҳолест, ки Амрико аз саҳмдорони асосӣ дар созмонҳои молиявии бонуфуз, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонист, ки феълан ба омӯзиши тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” машғул мебошад.
Бар асоси ёддоште, ки Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дошт, ин ниҳоди молиявӣ дар сурати натиҷаҳои мусбати ташхиси Роғун ваъда дод, ки барои анҷоми сохтмони он сармоягузорҳоро ҷалб хоҳад кард. Сарбанди Роғун бо баландии 335 метр дар назар аст, ки баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин лоиҳа дар ҳоле ки калиди мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа арзёбӣ мешавад, мояи нигаронии Узбакистон гардидааст. Тошканд иддао дорад, ки “Роғун” кишварҳои поёнобро беоб мегузорад, аммо мақомоту коршиносони тоҷик бо ироаи далелҳо онро қатъиян рад карда ва гуфтаанд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистонро ташналаб нахоҳанд гузошт.Дар акс: Лора Так (дар байн) ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 11 феврали 2014 Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)