Иштироки 194 рӯзноманигори хориҷӣ дар роҳпаймоии 22 Баҳман дар Эрон
Роҳпаймоии бахшида ба 35-умин солгарди Инқилоби исломӣ ё худ 22-уми Баҳманро дар Эрон 194 хабарнигор аз кишварҳои хориҷӣ пушиш ва инъикос медиҳанд.
Муҳаммадмансур Кушиш, Мудири кулли матбуоти хориҷии Вазорати фарҳанг ва иршоди Эрон гуфтааст, аз ин нишондод, 130 рӯзноманигори хориҷии муқими Эрон буда, боқӣ дар арафаи ҷашни солгарди Инқилоби исломӣ вориди Теҳрон шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҳама бештар дар ин маросим саффи намояндагони ВАО-и Амрико, Тунис, Фаронса ва Ҷопон зиёд аст. Мудири кулли матбуоти хориҷии Вазорати фарҳанг ва иршоди Эрон дар шарҳи гуфтаҳояш илова кардааст, ки хабарнигорони хориҷӣ тӯли беш аз як моҳ мешуд, барои вориди Теҳрон шудан дархост карда буданд.
Кӯшишӣ мегӯяд, хабарнигорони хориҷӣ дар сурати майл доштан барои иштирок дар иҷлоси раҳбарони кишварҳои исломӣ, ки қарор аст, охирҳои моҳи баҳман баргузор шавад, баъд аз анҷоми маросими солгарди инқилоб дар Теҳрон боқӣ монанд