Ваъдаҳои мудири муттаҳам ба ҷиноят ба раиси Суғд
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, ахиран бо Ли Фен, мудири калонтарин корхонаи тиллобарории Тоҷикистон, “Зарафшон”, мулоқот намудааст, ки дар пинҳон кардани даромадҳояш аз давлат муттаҳам мешавад.
Ба иттилои масъулини корхонаи “Зарафшон” Ли Фен ба Қодирӣ ваъда додааст, ки аз ташаббусҳояш дар самти бунёдкориҳо ҳимоят хоҳад кард: “Аз ҷумла соли ҷорӣ роҳи нақлиётии байни деҳаи Сӯфиён ва шаҳраки Суғдиён аз ҳисоби корхона таҷдид мешавад.”
Инчунин Ли Фен ба Қодирӣ гузориш додааст, ки айни замон дар корхона 2210 нафар коргари маҳаллӣ бо кор таъмин буда, музди миёнаи маоши онҳо 1824 сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ ширкати «Зи-Чин»-и Чин, ки аксари саҳмияҳои ин корхонаро соҳибӣ мекунад, дар солҳои 2013-2016 барои рушди он 200 миллион доллари ИМА ҷудо менамояд, ки баъди татбиқи ин лоиҳа боз 500 нафар бо кор таъмин хоҳад шуд.
Ин ваъдаю гузоришҳо дар ҳолеянд, ки Оҷонсии мубориза зидди фасод охири январ бо пахши як иттилоия гуфт, дар пайи санҷиш муайян шудааст, мудири кулли “Зарафшон” Ли Фен ва мудири моляивии ҷамъияти мазкур Лю Даоин, аз моҳи январи соли 2010 то июли соли 2012 бо роҳи пешниҳоди маълумоти дурӯғ аз пардохти андоз саркашӣ намудаанд: “Масъулини андоз ҳисоб кардаанд, ки андози пардохтнашудаи ин корхона 3 миллиону 366 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки он бо назардошти муҷозоти молиявӣ 3 миллиону 950 ҳазорро ташкил медиҳад.”
Манбаъ таъкид мекунад, ки феълан алайҳи Ли Фен ва Лю Даоин парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)