“Мусоҳиба ва техникаи таҳияи он” - дастури нави таълимии Ҷовид Муқим
"Мусоҳиба ва техникаи таҳияи он”. Таҳти ҳамин унвон нашриёти "Озар" ахиран китоби Ҷовид Муқим, доктори илмҳои филологияро нашр кардааст.
Ин китоб ҳамчун дастури таълимӣ таҳия гардида, дар он шеваҳои анҷоми мусоҳиба, навъҳои он ва ҳар чизи марбут ба ин жанр бо мисолҳои мушаххас оварда шудааст.
"Мусоҳиба ва техникаи таҳияи он" барои донишҷӯёни шӯъбаву факултаҳои журналистика ва журналистони ҷавон пешбинӣ шудааст.
“Мусоҳиба ҳамчун жанри алоҳидаи матбуот солҳои 80-уми асри XIX дар ИМА ба вуҷуд омада, дар аввали садаи ХХ ба матбуоти Аврупо кӯчидааст. Қаблан мусоҳиба ҳамчун усули гирифтани иттилоъ маъмул буд ва ҳамон вақт баъзан аз суханони мусоҳибон дар рӯзномаҳо иқтибос мекарданд. Ҳоло мусоҳиба аз маъмултарин жанри ВАО маҳсуб мешавад. Мусоҳиба бо тақозои замон аввал дар матбуот ташаккул ёфта, сипас бо пайдоиши воситаҳои ахбори электронӣ ба радио ва телевизион гузаштааст”,-менависад муаллиф.