Шарҳи Тӯраҷонзода баъд аз баҳси Амонуллозода бо Эшони Нуриддинҷон
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, иҷрои васияти майитро ҳатмӣ ва интихоби имомро барои гузоридани намози ҷанозааш аз нигоҳи Ислом ҳаққи ворисон хондааст.
Собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон дар посух ба суоли яке аз корбарони Turajon.оrg, веб-сайти хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, гуфтааст, “соҳибони майит ҳаққи интихоби имомро доранд ва касе ҳуқуқ надорад бе иҷозаи онҳо имоми намоз шавад, хоҳ муфтӣ бошад хоҳ хатиб.” Тӯраҷонзода аз суханони Имоми Аъзам иқтибос оварда, таъкид кардааст, ки ворисони майит аз султону қозӣ ва муфтӣ дида, ҳаққи бештар ба интихоби имом доранд.
“Модоме, ки вориси майит авлотар ба имоматӣ аз дигарон бошад, пас, ӯ метавонад намози ҷанозаро ба ҳар касе хоҳад вогузор кунад ва касе ҳақ надорад ин ҳаққи ворисро нодида бигирад”,-гуфтааст ӯ. Ба қавли Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, нодида гирифтани васияти майит ва ҳаққи соҳибони ӯ як навъи маҳдудкунии озодии онҳо бидуни далели шаръӣ мебошад.
Як моҳ пештар дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” роҳ ёфт, ки мавриди баҳси зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, писари муфтии собиқи Тоҷикистон, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.”
Ин дар ҳолест, ки Тӯраҷонзода мегӯяд, дар шариати исломӣ васият кардан пеш аз марг машруъ ва ҳатто суннати муаккада аст. Ба қавли собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, шахси мусулмон ҳаққи васият карданро дорад ва иҷрои он барои ворисонаш ҳатмӣ ва зарурист: “Расули Худо (с) гуфтаанд: “Барои мусулмон ҷоиз нест, ки ду шаб пайи ҳам бигзарад дар ҳоле ки васияти мехостааш навишта нашуда бошад.”
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар идома аз саргузашти хулафои рошиддин ва завҷаҳои паёмбари Ислом (с) мисол оварда мегӯяд, аксари ин шахсиятҳо пеш аз марги худ шахси пешдаро дар намози ҷаноза ва макони ба хок супорияшонро муайян карда буданд: “Модарамон ҳазрати Оишаи сиддиқа (р) васият кардаанд, ки ҳазрати Абуҳурайра (р) дар ҷанозаашон имоматӣ бикунад. Дар замони ҳазрати Оиша Мадинаи мунаввара амир аз ҷониби халифа (ҳазрати Муовия р) муайян карда шуда буд, аммо бо вуҷуди ин ҷанозаи он ҳазратро Абуҳурайра хонд, дар ҳоле ки ӯ вазифаи амирӣ ё имоматӣ аз ҷониби халифа надошт.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)