Дастури нави Убайдуллоев дар мавриди кӯчарӯбҳои Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, зимни ҷаласаи ахири шаҳррдорӣ дастур додааст, ки кӯчарӯбҳо дар пойтахт бо таҷҳизоту асбобҳои муосир таъмин карда шаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев ба муовинони худ ва раисони ноҳияҳои пойтахт як моҳ муҳлат додааст, то ин супоришашро пурра иҷро кунанд ва аз татбиқи он ба ӯ гузориш диҳанд.
Убайдуллоев инчунин ба муовинаш Руқия Қурбонова дастур додааст, ки то 1-уми марти соли равон барои ҷашни 90-солагии Душанбе нақшаи чорабиниҳоро пешниҳод созад.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ зимни ҷаласа инчунин масоили ҳолати роҳҳо, хизматрасонии нақлиёт, таъминот бо оби нӯшокӣ, вазъи санитарию экологӣ, вусъати раванди ислоҳоти соҳаи манзилию коммуналӣ, аз байн бурдани қарзи музди маош дар сохторҳои ғайрибуҷетӣ, рушди соҳибкорию дастгирии минбаъдаи кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдор қарор гирифтаанд.