Раҳмон эрониёнро бо солгарди Инқилоби Исломӣ табрик кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвони ҳамтои эронияш - Ҳасани Руҳонӣ, ӯ ва мардуми кишварашро бо 35-умин солгарди Инқилоби Исломӣ табрик кардааст.
Дар номаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳасани Руҳонӣ, аз ҷумла омадааст, “Шумо ва тамоми мардуми шарифи Эронро ба муносибати солгарди Инқилоби Исломӣ самимона табрик мегӯям.” Инчунин дар ин нома таъкид шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон итминон дорад, муносибатҳои Душанбею Теҳрон дар оянда бо мазмуну муҳтавои нав шакл гирифта, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётии ҳар ду кишвар хоҳанд буд.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон ҳамеша хоҳони густариши равобити ҳасанаи дуҷониба бо Эрон буда, умедвор аст, ки кишвари бародар низ чунин ҳадафҳо дорад.