Боздошти домоди раисиҷумҳури собиқ дар Маскав
Одил Тойгонбаев, домоди Аскар Акаев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон бо дархости ҷониби Бишкек дар шаҳри Маскав боздошт шудааст.
Тибқи иттилои хабаргузории “Tushtuk”, Икромидин Айтқулов, вакили мудофеи Тойгонбаев рӯзи 10 феврал дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, зерҳимояи ӯ шоми 9 феврал ҳангоми сафар ба Швейтсария дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав боздошт гардид. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти қудратии рус домоди Аскар Акаевро ғайриқонунӣ боздошт кардаанд, чун дар ин бора қарори додгоҳ вуҷуд надорад.
Айтқулов мегӯяд, зерҳимояи ӯ дар ҳеч ваҷҳ ба Қирғизистон истирдод нахоҳад шуд, зеро Тойгонбаев шаҳрвандии Қазоқистонро дорад.
Одил Тойгонбаев, ҳамсари духтари бузурги Аскар Акаев мебошад, ки баъд аз инқилоби лолаии Қирғизистон алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар кофтукоби пулиси байналмилал қарор дошт. Ӯро дар ватан дар “қаллобии гуруҳӣ аз рӯи маслиҳати пешакӣ, дуздӣ, саркашӣ аз супоридани андоз ва пардохтҳои ҳатмии суғуртавӣ” муттаҳам мекунанд.