Хуршед Маҳмудов ба “Истиқлол” пайваст
Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бо Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари тими миллии футболи Тоҷикистон қарордод бастааст.
Рустам Ҳакимов, сухангӯи “Истиқлол” бо тасдиқи ин хабар гуфт, муҳлати шартномаи мазкур то охири мавсими ҷории футбол аст. “Маҳмудов аллакай чанд рӯз аст, ки бо ҳайати даста дар шаҳри Қайроққум тамрин мекунад. Ӯ таҳти рақами 20 бозӣ хоҳад кард”,-афзуд манбаъ.
Хуршед Маҳмудов панҷумин бозигари навест, ки ба “Истиқлол” пайваст. Аз ин пеш нимҳимоятгар Дэвид Мауто ва дарвозабон Силванус Эванс аз Гана, ҳамлагар Жосимар Насименто аз Бразилия ва ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон Комил Саидов ба бошгоҳи Душанбе гузаштанд.
Хуршед Маҳмудов 8 августи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дар ҳайати тимҳое ба монанди “Варзоб” (Душанбе) – 2001 ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 2002-2013 бозӣ кардааст.
Устоди варзиши дараҷаи байналмилалист. Қаҳрамони ҳашткаратаи Тоҷикистон буда, чор маротиба Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Ҷоизадори Ҷоми даъвати АФК-2006. Се маротиба Ҷоми президенти АФК-ро гирифта, беҳтарин бозигари Ҷоми президенти АФК дар мавсими 2008-2009 эътироф гардидааст. Солҳои 2005, 2006, 2008 ва 2011 беҳтарин футболбози Тоҷикистон эълон шуд. Аз соли 2004 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад.