БДА то 20-уми феврал амалиёти махсус эълон кард
Роҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба хотири таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар тамоми ҷумҳурӣ амалиёти махсус эълон кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод амалиёт бо иштироки пиёдагардон аз 10 то 20-уми феврали соли 2014, зери унвони «Пиёдагард» гузаронида шуда, роҳбарияти БДА аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват менамояд, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд.
Ин ниҳод аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш дорад, ки талаботи қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намоянд ва ҳаёти худу дигаронро зери хатар нагузоранд.