Сабоҳии 59-сола расман довталаби курсии президенти Миср шуд
Ҳамдейн Сабоҳӣ, асосгузори Ҳаракати мардумии Миср, аз пешбарии номзадияш дар интихоботи президентии ояндаи ин кишвар хабар дод. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳои хабарӣ гуфт, ин тасмим дар пайи дархости зиёди ҷавонони кишвараш барои иштирок дар интихоботи президентӣ гирифта шудааст.
Муассиси Ҳаракати мардумии Миср мегӯяд, бовар дорад, дар интихобот ба рақибонаш пирӯз хоҳад шуд. Ҳамдейн Сабоҳии 59-сола, яке аз нахустин сиёсатмадорони мисриест, ки пешбарии номзадияшро расман дар интихоботи президентии ояндаи ин кишвар эълон мекунад. Ӯ дар интихоботи пешини Миср, ки моҳи июни соли 2012 баргузор ва ба пирӯзии Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури боздоштшудаи ин кишвар анҷом ёфт, иштирок ва дар давраи аввали он ноком шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки Абдулмунъими Абулфутуҳ, раиси Ҳизби “Миср ул-қавия” ва яке аз номзадҳо дар интихоботи гузаштаи Миср гуфтааст, аз иштирок дар интихоботи ояндаи кишвараш худдорӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи раиси Ҳизби “Миср ул-қавия”, дар фазои пешазинтихоботии кишвараш озодӣ ва демократия эҳсос намешавад: “Аз ин рӯ, иштирок нахоҳам кард.”
Гуфта мешавад, Абдулфаттоҳ Сисӣ, сарфармондеҳи қушунҳои ҳарбӣ яке аз номзадҳои аслӣ дар интихоботи президентии Миср ба шумор меравад, ки қарор аст, моҳи апрели соли равон баргузор шавад. Генерал Сисӣ асосгузори кудетои низомии Миср аст, ки ба сарнагунии ҳукумати тозатаъсиси Муҳаммад Мурсӣ сабаб шуд. Ҳарчанд ӯ расман номзадии худро эълон накардааст, вале аз сӯи артиши Миср номзадии ӯ пешбарӣ шуда, то кунун бо чанд расонаҳои хабарӣ дар бораи азми иштирокаш суҳбатҳо аноҷм додааст.
Коршиносони мисрӣ мегӯянд, азбаски Сисӣ аз пешбарии номзадияш дар ин интихобот хабар додааст, майли сиёсатмадорон барои иштирок дар ин корзори сиёсӣ нисбат ба интихоботи қаблӣ, ки бо пирӯзии Мурсӣ анҷом ёфт, хеле кам эҳсос мешавад. Дар интихоботи президентии ахири Миср, ки охирҳои моҳи майи соли 2012 баргузор гардид, 13 номзад расман сабти ном шуда, ҳудуди даҳ нафари дигар бо сабабҳои номаълум аз иштирок дар корзор маҳрум шуда буданд.