Барои убури ғайриқонунии марз шаҳрванди Узбакистонро шаш соли зиндон таҳдид мекунад
Як шаҳрванди Узбакистон ва як табааи Қирғизистонро, ки дар убури ғайриқонунии марзи Русия муттаҳам мешаванд, то шаш соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Дар ин бора дафтари матбуотии прокуратураи Олтой ба расонаҳо хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди 24 солаи Қирғизистон ва як хонуми 34 солаи узбак моҳи августи соли 2013, дидаву дониста, ки вурудашон ба қаламрави Федератсияи Русия манъ аст, ғайриқонуни сарҳадро аз тариқи Қазоқистон убур кардаанд.