“Афсӯс, Надежда нест...” Ё рӯзҳои сахти Иванович дар фасли сармо
Василий Иванович, собиқадори 87-солаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз сардии манзилаш дар Душанбе шикоят карда гуфт, шабона ҳатто бо палтояш мехобад. Иванович ҳамагӣ ним сол пеш ҳамсараш -- Надежда Ивановаро ба хок супурда, ҳоло ба ҷуз хотираҳои гарм аз ӯ ва сагу гурбааш наздики дигаре надорад.
Ин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ мегӯяд, барои ҳамаи хидматҳояш имрӯз нафақаеро мегирад, ки баъзан ҳатто барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналию кифоят намекунад. Ба қавли ӯ, ахиран аз идораи барқ ба ӯ варақае расидааст, ки бар асоси он дар ҳаҷми 200 сомонӣ қарздор мебошад. “Аз ин маблағи ҳангуфт маро воҳима пахш кард. Ба хазинаи Амонатбонк муроҷиат кардам, ки гуфтанд имтиёзҳои коммуналӣ барои собиқадорони ҶБВ ҳанӯз 6 сол пеш лағв шудаанд. Баъдан маслиҳат доданд, ки ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кунам. Баъд аз таъхиркориҳо ноил шуд, ки аз Маҳмадсаид Убайдуллоев камтар ёрӣ бигирам”,-нақл кард ӯ.
Василий Иванович афзуд, дар ҳоли ҳозир бо Олга Нечаева, як сокини Душанбе мувофиқа кардааст, ки ӯро нигоҳубин мекунад: “Аз ҷиҳати молию хоҷагидорӣ кумак мекунад, аммо ӯ кори зиёд дорад ва ман рӯзи дароз дар хона танҳо мемонаму чун чашмонам чизеро намебинанд, кореро ҳам карда наметавонам.”
Ин сокини 87-солаи Душанбе таъкид намуд, ҳар сол бо фарорасии зимистон мушкилоти рӯзгораш зиёдтар мешаванд: “Ман ҳам чун дигарон дар зимистон азоб мекашам. Гармиро аз солҳои 90-ум ин сӯ надидаем. Мардум ҳатто қубури гармидиҳандаашонро буридаанд, умед надоранд, ки рӯзе гармӣ меояд. Бе газ ҳам зиндагӣ кардан имкон медошт, агар ақаллан бо барқ доимӣ таъмин мебудем. Аммо баъзан чунин мешавад, ки маҳз дар сардиҳои шадид барқро хомӯш мекунанду мо дар хунукии тоқатфарсо мемонем. Дар чунин ҳолатҳо тамоми болопӯшҳоямро ба бар мекунам, то сармо нахӯрам.”
Василий Иванович аз вазъи беруни хонааш низ интиқод карда, афзуд, “дирӯз сагҳоямро барои сайругашт ба берун раҳо кардам ва баъдан барои кофтукоби онҳо рафтам. Ҳама ҷо пур аз барф, роҳравҳо норӯфта. Барф зери пои роҳгузарҳо таҳшин шуда, танҳо як роҳраваки танге ташкил шудааст, ки бо чашмони хира тариқи он ҷо гузаштан хеле мушкил аст. Ният дорам, каме маблағ ёфта, аз ҳисоби худ барои хубтар кардани биноиям як ҷарроҳӣ гузаронам.”
Василий Иванович таъкид намуд, дар роҳи пурмашаққати зиндагӣ одамони хубе низ ҳастанд, ки ба ӯ дасти ёрӣ дароз мекунанд ва аз Шаҳло, корманди ошхонаи назди хонааш, ном гирифт. Ӯ гуфт, баъзан Шаҳло барояш ғизои гарм меораду ҳайвонҳои хонагияшро низ мехӯронад: “Хайрият, ки чунин одамҳо ҳастанд. Бе онҳо зиндагӣ дар ин сардиҳои пойтахт ба маротиб мушкилтар мешуд.”