№016473. Корти Азиза Солиева ё марди муттаҳам ба таҷовуз?
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) кортеро, ки мақомоти амниятӣ дар гузориши телевизионии худ ба Маҳмадулло Холов, нафари муттаҳам ба таҷовузи ду ноболиғ, мутааллиқ дониста, ба намоиш гузоштанд, тақаллубӣ хондааст.
ҲНИТ гуфтааст, рақами корте, ки мақомот онро моли Маҳмадулло Холов медонанд, №016473 буда, он ба Азиза Солиева, узви ҲНИТ, дар Исфара мансуб аст, на марде, ки дар таҷовузи ду духтари ноболиғи ӯгаяш (духтарандараш) муттаҳам мешавад. “Ба ҳар ҳол, ин гуна сохтакориву тақаллубкориҳои мақомот алайҳи ҲНИТ ҳадафмандона буда, кадом шакку шубҳае дар ин маврид нест”,-навиштааст торнамои ҲНИТ.
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар гузорише, ки шоми 7 феврали соли ҷорӣ тавассути шабакаҳои давлатӣ пахш кард, аз боздошти Маҳмадулло Холов, табиби мардумӣ дар вилояти Суғд, ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси ноболиғон хабар дод. Ин ниҳод мегӯяд, Маҳмадулло Холов, ки аз соли 1991 ба ин сӯ, гӯиё узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, дар дастдарозӣ ба номуси ду духтарандар ё духтарони ӯгайи ноболиғаш муттаҳам мешавад.
Ба гуфтаи Кумитаи амният, гӯиё ин табиби мардумии тоҷик -- Мадинаи 17-сола ва Рухшонаи 13-соларо ба таври зӯроварӣ таҷовуз кардааст, ки дуюмӣ дар синни 15-солагӣ соҳиби фарзанд шудааст. Худи Рухшона низ, ки дар ин бора дар барномаи телевизионӣ суҳбат мекард, ин ҳамаро таъйид карда, гуфт, ба хотири тарс дар бораи ин ҳамхобагӣ бо падарандараш ба модари худ иқрор намешудааст: “Соли 2007 ман аз пияндарам ҳомиладор шуда, соли 2008 фарзанд ба дунё овардам.”
Кумитаи амнияти миллӣ дар гузориши худ аз рух додани ин гуна ҳодисаҳо дар кишвар нигаронӣ карда, мегӯяд, ҳоло замоне расидааст, ки бояд қонуни ҷиноии кишвар дар мавриди ҷазои таҷовузгарон бознигарӣ шавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)