Роғун, CASA-1000 ва сипосугзории Э.Раҳмон ба Лора Так
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо Лора Так -- муовини раҳбари Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ масъалаи ташхиси фаннию иқтисодии сохтмони Роғун ва бунёди хатти баландшидатти CASA-1000-ро баррасӣ кардааст. Ин дидор рӯзи 10 феврал дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, сармоягузории қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон низ яке аз мавзӯъҳои матраҳ будааст.
Ҷаноби Раҳмон ба мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ барои пуштибонии пайвастаашон аз Душанбе изҳори сипос намуда, гуфтааст, тайи солҳои шарикӣ аз ҷониби ин бонк беш аз 750 миллион доллар қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ ҷудо гардидааст. Раисиҷумҳур илова кардааст, ҳоло бо 223 миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ 13 тарҳ дар бахшҳои энержӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обтаъминкунӣ, хоҷагии манзилӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ амалӣ мегарданд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, “зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи бештар ба роҳҳои татбиқи босамари Стратегияи кишварии Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018 низ зоҳир гардид”.
Вале гуфта нашудааст, ки ҷонибҳо дар ин сӯҳбати худ дар бораи ташхиси фаннию иқтисодии нерӯгоҳи Роғун ба чӣ натиҷа расидаанд. Тақрибан се сол аст, ки коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ машғули омӯзиши тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун“-анд. Бар асоси ёддоште, ки Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дошт, ин ниҳоди молиявӣ дар сурати натиҷаҳои мусбати ташхиси Роғун барои анҷоми сохтмони он сармоягузорҳоро ҷалб хоҳад кард. Сарбанди Роғун бо баландии 335 метр дар назар аст, ки баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин лоиҳа дар ҳоле ки калиди мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа арзёбӣ мешавад, мояи нигаронии Узбакистон гардидааст.
Тошканд иддао дорад, ки “Роғун” кишварҳои поёнобро беоб мегузорад, аммо мақомоту коршиносони тоҷик бо ироаи далелҳо онро қатъиян рад карда ва гуфтаанд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистонро ташналаб нахоҳанд гузошт. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)