Сокини Русия бо 30 кило ҳероин ба даст афтод, вале гунаҳкор – тоҷикон
Пулиси шаҳри Иркутски Русия дар қочоқи 30 кило маводи мухаддир, ки аз як сокини маҳаллӣ дарёфт кардааст, шаҳрвандони Тоҷикистонро айбдор мекунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии Иркутск, кормандони ин ниҳод аз мошини тамғаи “Lexus”-и як сокини маҳаллии 53-сола охири ҳафтаи гузашта 30 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира кардаанд. Манбаъ мегӯяд, қисми зиёди ин маводи мухаддир аз чархи эҳтиётии автомошинаи мазкур ёфт шудааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, 30 кило маводи мухаддире, ки мусодира шудаасту маблағи умумии он 1 миллиард рубли русӣ арзёбӣ мешавад, гӯиё бояд онро чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон қабул мекардаанд.
Раёсати умури дохилии Иркутск гуфтааст, бори аввал аст, ки кормандони ин ниҳод садди роҳи қочоқи ин миқдори зиёди маводи мухаддир шудаанд. Манбаъ меафзояд, доир ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Дар бораи ному насаби ин шаҳрвандони Тоҷикистон чизе оварда нашудааст.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)