Туркманистон омодаи афзоиши ҳаҷми нерӯи барқ ба Афғонистон аст
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисиҷумҳури Туркманистон дар ҷаласаи ахири кабинаи вазирони кишвараш гуфтааст, пешниҳод дар мавриди афзоиши ҳаҷми интиқоли нерӯи барқаш ба Афғонистонро баррасӣ мекунад.
Бердимуҳаммадов афзуда, ки ҳамчунин Туркманистон бо ҳадафи ба қаламрави давлати исломӣ интиқол додани ҳарчи бештари нерӯи барқ инфрасохтори энергетикияшро васеъ хоҳад кард. “Бо мақсади афзоиши ҳаҷми нерӯи барқи содиротӣ азнавсозии блокҳои марказҳои барқдиҳии Марий, ҳамчунин бунёди хатти баландшидати барқ аз НБО-и Марий то марзи Афғонистон ҷараён дорад”,-навиштаанд расонаҳои Туркманистон.