Талқини "зиндасароӣ" ва ҷанги ҳукумат бо "фонограмма"
Масъулони раёсати фарҳанги ҳукумати Суғд мегӯянд, “фонограмма” дар шаҳри Конибодом тамоман манъ шуда, ҷилавгирии он дар дигар шаҳру навоҳии шимоли кишвар низ идома дорад. Ин тасмим ба дунболи интиқоди Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, дар ҷаласаи васеи ҳукумат, гирифта шудааст.
Оқои Қодирӣ аз тақлидкории ҳунармандони вилоят ба “фарҳанги бегона” танқид карда, аз бетаваҷҷуҳии онҳо ба фарҳанги миллӣ ва овозхонӣ ба таври зинда изҳори норизоӣ намуда буд. Набиҷон Ҷӯраев, сармутахассиси Раёсати фарҳанги вилоят, ба “Озодагон” гуфт, “манъи пурраи фонограмма, ки солҳои зиёд боз ҳаст, якуякбора намешавад. Барои ин фурсат лозим аст, вале алҳол дар робита ба ин, дар миқёси вилоят кор мебарем ва дар ояндаи наздик ба як тартибу низом дароварда хоҳад шуд.”
Ҳадаф аз чунин тасмимро масъулин ба дастгирии ҳунармандони касбӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати суруду оҳангҳо рабт медиҳанд, ки ба қавле ҳофизону навозандагонро маҷбур месозад, аз болои хеш боз ҳам кор кунанд. “Он нафаре, ки воқеан ҳам хондаву суруда ва навохта метавонад, барои ӯ ягон мушкил надорад, вале онҳое, ки наметавонанд, ё аз саҳна мераванд ва ё аз болои худ ҳадди ақалл кор мекунанд”,-илова намуд Ҷӯраев.
Сармутахассиси Раёсати фарҳанги вилоят қайд намуд, ки феълан дар шаҳри Конибодом фонограмма пурра манъ карда шудааст ва ҳофизону навозандагон зинда месароянду менавозанд. “Бояд мардум худашон низ аз сарояндагон талаб намоянд, ки консертҳояшонро ба таври зинда пешкаш намоянд, чун вақти зиндасароӣ ҳунарманд метавонад, як суруди хешро ба чанд навъ хонаду сарояд, ки он барои шунавандаву тамошобин як ҳаловату кайфияти тоза мебахшад. Вале чунин ҳолат дар фонограмма ҳеч гоҳ вуҷуд надорад”,- изҳор дошт Набиҷон Ҷӯраев.
Гуфта мешавад, фонограмма танҳо дар маконҳои бузургу хос, мисли варзишгоҳ, намоишномаҳои театрӣ ва ба монанди инҳо, иҷоза дода мешавад. Маврид ба зикр аст, ки феълан дар қаламрави вилоят Шӯрои бадеӣ ташкил карда шудааст ва тамоми таронаву оҳангҳо бо мувофиқа бо шӯрои мазкур ба роҳ монда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Комилҷон, пионинонавози ҷавон, дар сӯҳбат ба мо аз тасмими ҳукумати вилояти Суғд барои пешрафти фарҳанги миллӣ истиқбол кард. Вале гуфт, “дар пайи ин, табиист, ки нархи консерт, тӯю маъракаҳо низ боло меравад. Агар ҳоло арзиши билети консерт дар вилоят аз 10 то 20 сомониро ташкил диҳад, пас агар дар оянда ягон ҳунарманд консерти худро бо овози зинда пешкаш намояд, он ҳатман то 50 сомонӣ ва ё аз он ҳам зиёдтар арзиш пайдо мекунад, ки ин барои кисаи мардум зарба мезанад.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)