Баҳси шиканҷа дар сӯҳбати Хуан Мендез бо Сироҷиддин Аслов
Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар мавриди шиканҷа рӯзи 10 феврал бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуда, нахуст бо Сироҷиддин Аслов -- вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтугӯ анҷом дод.
Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, "дар ҷараёни сӯҳбат масъалаи татбиқи Конвенсияи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва татбиқи тавсияҳои Гузоришгари вижа барои пешгирии шиканҷа муҳокима шуданд." Манбаъ мегӯяд, зимни ин сафараш Мендез бо дигар мақомоти расмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар аст. Ӯ, инчунин, аз маҳбасхонаҳои Тоҷикистон боздид анҷом хоҳад дод.
Вале масъулони дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтанд, мулоқоти Мендез бо Эмомалӣ Раҳмон феълан дақиқ нашудааст. Хуан Мендез моҳи майи соли 2012 низ аз Тоҷикистон боздид карда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва Исфараву Истаравшан бо вазъи 17 муассиса, аз ҷумла аз зиндону қисми ҳарбӣ ошно шуда буд. Мендез аз натиҷаҳои сафараш моҳи марти соли 2013 дар ҷаласаи Созмони Милал гузориш дод.
Сафари Мендез дар ҳоле сурат мегирад, ки ба иттилои Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар соли 2013 аз 16 шикоят дар мавриди шиканҷа танҳо дар чор ҳолат тасдиқи худро ёфт, ки аз рӯи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд. Додситони кул таъкид намуд, ки дар маҷмуъ шикоятҳо аз шиканҷа дар кишвар коҳиш ёфтаанд ва мисол овард, дар соли 2012 22 шикоят дар робита ба шиканҷаро дарёфт намуда буданд, ки 9 ҳолаташон тасдиқ ёфтаанд.
Дар маҷмуъ Шерхон Салимзода таъкид намуд, тайи соли 2013 алайҳи қариб 300 корманди мақомоти қудратӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)