17 сол ба маҳбусе, ки аз пушти панҷара нашъаҷаллобӣ мекардааст
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фурқат Абдураҳмоновро, ки соли 2012-ум барои дуздӣ ба 7 соли зиндон маҳкум гардидааст, ахиран дар нашъаҷаллобӣ гунаҳкор дониста, барои 16 соли дигар равонаи маҳбас намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Абдураҳмонов, 26-уми сентябри соли 2013 бо Гулмаҳмад ном шахси ба тафтишот номаълум ба воситаи яке аз телефонҳо ба алоқа баромада, мегӯяд, ки хоҳараш дар рости дарвозаи якуми бозори “Корвон” ба савдо машғул мебошад ва маводҳоро ҳамчун дастовез додан лозим аст.
Ба иттилои манбаъ зимни ташхис муайян карда шуд, ки дастовезҳои нишондодаи Абдураҳмонов дар вазни 864,0 грам маводи мухаддири афюнро дар бар мегирад. Додгоҳ мегӯяд, маҳкумшуда дар додугирифти ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 16 сол ва бо назардошти муҳлати пешӣ барои 17 сол равонаи зиндон гардид.