Соҳиби тарабхонаи Красноярск: "Гуфтанд, ки парчами Тоҷикистонро дар Сочӣ ман бардорам..."
Иштироки Владимир Владимиров, узви Шӯрои вакилон ва соҳиби тарабхонае дар Красноярск, ҳангоми муаррифии тими мунтахаби Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочӣ эътирози корбарони интернетии ин шаҳрро ба бор овардааст. Владимиров ҳангоми муаррифии тими Тоҷикистон, ки президент Эмомалӣ Раҳмон низ он ҷо буду даст меафшонд, ҳамроҳ бо Алишер Қудратов, лижарон ва Баҳрулло Раҷабалиев, дабири Кумитаи миллии олимпии кишвар ба саҳна баромада буд.
Владимир Владимиров дар суҳбат бо Оҷонси иттилоотии “1-LiNE” гуфтааст, ӯ бо даъвати ҷониби Тоҷикистон варзишгарони тоҷикро ҳангоми муаррифии ҳайатҳо дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ ҳамроҳӣ кардааст. “Онҳо дар аввал маро гуфтанд, ки парчамро бардорам, вале розӣ нашудам, гуфтам, танҳо дар қатори варзишагрон мебароям”,-афзудааст ӯ.
Василий Нелюбин, яке аз корбарони рус дар шарҳи ин хабар дар интернет навиштааст, ҳар вақт нафаре хоҳад, дар марш ё қадамзании варзишгарони бозиҳои олимпӣ шомил бошад, аз амали Владимиров кор мегирад. Аммо ин корбар аз он дар тааҷҷуб аст, ки чаро махсус ин вакили рус тими мунтахаби Тоҷикистонро ҳамроҳӣ кард: “Бисёр дар тааҷҷубам, дар ивази кадом хидматаш, тоҷикон ӯро дар бари худ роҳ додаанд.”
Дар ҳоле ки Владимир Владимиров дар баробари узви Шӯрои вакилони шаҳрӣ будан, раҳбари яке аз тарабхонаҳои маъруфи ин минтақа низ ҳаст, яке аз корбарони дигар бо номи Юрий Рафалский илова кардааст, ба зудӣ дар тамоми тарабхонаи шаҳри Красноярск ғизо ё худ ошхонаҳои тоҷикӣ ба миён хоҳанд омад.
Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ, ки 7 феврал ифтитоҳ шуд, то 23 феврал идома хоҳад кард. Дар ин олимпиада танҳо лижарон Алишер Қудратов аз номи Тоҷикистон қувваозмоӣ мекунад. Қаблан гуфта мешуд, Андрей Дригин, яке дигар аз лижаронҳои тоҷик, дар ин олимпиада ширкат меварзад, вале рӯзҳои охир аз ӯ ном гирифта намешавад ва маълум нест, ҳузури ӯ лағв шуда ва ё вазъи саломатияш иҷоза намедиҳад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)