Президенти Тоҷикистон ба райисони аҳзоби сиёсӣ медал тақдим кард
230 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон онҳоро табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки ҳар яки онҳо дар 20- соли истиқлолият барои таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон саҳми намоён гузоштаанд. Қаҳҳор Маҳкамов, Иззатулло Ҳаёев, Акбар Мирзоев, Сайдулло Хайруллоев, Султон Мирзошоев, Талбак Назаров, Раҳмат Қудратов ва дигарон аз ҷумлаи собиқадоронеанд, ки ба гирифтани ин нишон шарафманд гаштаанд.
Манбаъ афзуд, ҳамчунин роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, аз ҷумла раиси ҳизби коммунистии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоев, раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуалим Ғаффоров, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Амир Қароқулов ва муовини раиси ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон Асрор Латипов бо мукофотҳои давлатӣ қадр карда шуданд.
Ҳамзамон, 20 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ барои хизматҳои шоёнашон дар рушди илму амали бахшҳои гуногуни тиббӣ ва ҳифзи сиҳатии мардуми кишвар бо медали Хизмати шоиста, медали Шафқат ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз карда шуданд. Хизматҳои арзандаи раисони вилоятҳо, аз ҷумла вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои тобеи марказ ҳам бо мукофотҳои давлатӣ қадр карда шуд. Миёни онҳое, ки имрўз бо фармони президенти бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, ҳамчунин як қатор варзишгарони маъруф низ ҳастанд. {jathumbnail off}