700 доллар... барои тағйири ному насаб дар Зафаробод
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як мансабдори Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС хабар дод, ки барои тағйири ному насаб 700 доллар ришват хостааст.
Ба иттилои ин ниҳод, “зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Матлуба Холмуҳаммадова, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Зафаробод дастгир шуд, ки дар гирифтани пора аз шаҳрвандон Зокирҷон Юсупови 24-сола ва Худойберди Ортиқови 26-сола муттаҳам мешавад.”
Манбаъ мегӯяд, аз дастгиршуда далели шайъӣ дар ҳаҷми 700 доллар гирифта шуда, нисбат ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Ин дар ҳолест, ки дар пайи ҷаласаи ахири ҳукумати дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи сокинон ба тағйири ному насаб зиёд гардида, танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ ба Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Суғд беш аз 500 нафар барои лағви пасвандҳои русии “ов”-у “вич” ва “ова”-ю “овна” ариза навиштаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)