Боздошти маводи синтетикии “экстази” аз гуруҳи муташаккили ҷиноӣ
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз қатъи гуруҳи муташаккили ҷиноие хабар дод, ки ба қочоқи маводи нашъаовари синтетикии “экстази” ба қаламрави вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе машғул будаанд.
Тавре аз агентии мазкур хабар доданд, “кормандони оперативии агентӣ охирҳои соли сипаришуда маълумот гирифтанд, ки як гурӯҳи шахсон ба фурӯши ҳабҳои сахттаъсир машғул мебошад. Пас аз гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони агентӣ чор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардид".
Ба иттилои манбаъ, аз ин афрод 1 106 дона ҳаби экстази бо вазни умумии 260 грамм мусодира шудааст.
“Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки ҳамаи боздоштшудаҳо аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша мебошанд, ки бо интиқоли маводи дорувории манъшуда ба Тоҷикистон машғул буданд. Мутобиқи итттилои пешакӣ, гурӯҳи ҷиноятпешаи мазкур ҳабҳои МДМА-ро дар қаламрави яке аз кишварҳои Аврупо харидорӣ намуда, бо роҳи қочоқ ба шаҳри Хуҷанд интиқол медоданд”,-афзуд сарчашмаи хабар.
Гуфта мешавад, ин гуруҳ дар ҷои истироҳати оммавии ҷавонон бо нархи аз 20 то 30 доллар ҳабҳоро ба фурӯш мебароварданд: “Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ аз рӯи қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо) оғоз карда шудааст. Иштирокчиёни дигари ҷиноят дар ҳоли муайян шудан ҳастанд”.
Рустам Назаров, раҳбари агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахири ниҳодаш гуфт, "дар 12 моҳи соли 2013 аз ҷониби тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар қаламрави кишвар беш аз 3 ҳазор дона чунин ҳабҳо мусодира шудааст.