Ҳалокати Ғафурҷон Раҷабалиев ва Шӯҳратҷон Соибов дар Русия
Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи садамае дар Брянски Русия ҷони худро аз даст дода, ду нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Сафорати кишвар дар Маскав мегӯяд, инҳо -- Ғафурҷон Раҷабалиев (25.04.1981) ва Шӯҳратҷон Соибов (10.07.1976) мебошанд, ки баъд аз фалокат ҷасадашон ба сардхона (морг)-и Брянск интиқол ёфтааст.
“Ду тоҷики дигар, ки дар ин садама ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд, падару писар мебошанд. Ҳайдаралӣ Нуров (03.06.1963) ва Отабек Нуров (10.05.1993) ҳоло дар беморхона дар шуӯъбаҳои эҳёгарӣ ва осебшиносӣ бистариянд”,-гуфт Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон.
Намояндаи пулиси Русия гуфтааст, эҳтимол сабаби сар задани ин садамаи нақлиётӣ, аз ҷониби ронанда – Отабек Нуров ба назар нагирифтани вазъи обу ҳаво ва риоя накардани суръати нақлиёт ва қоидаи ҳаракат аст. Бо ин ҳол, ҷаноби Эгамзод мегӯяд, “дар асоси дастури сафир Абдулмаҷид Достиев масъулин муваззаф шудаанд, масъалаи расондани кумаки ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатгузории шаҳрвандони моро ба роҳ монда, барои интиқоли ҷасади вафтидагон ба Ватан мусоидат намоянд.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)