Ихроҷи 3 шаҳрванди Қирғизистон ва 4 рус аз Суғд
Дар моҳи январи соли ҷорӣ 9 шаҳрванди хориҷӣ аз шимоли кишвар ихроҷ шудаанд, ки аксари онҳоро шаҳрвандони Русия ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои Раёсати муҳоҷирати вилояти Суғд, Абдукоел Муллоев, Нодира Муллоева, Хайрулло Бобоев ва Оксана Кониева (Русия), Шакир Сафдар (Покистон), Абдуҷамол Ахмедов, Санавбар Машукова ва Искандар Усмоналиев (Қирғизистон) ва Чин Чен Ҷи (Чин) барои риоя накардани қоидаҳои будубош берун карда шудаанд.
Ҳамзамон, гуфта мешавад, дар маҷмӯъ, барои 8 шаҳрванди Чин, 5 шаҳрванди Қирғизистон, 5 шаҳрванди Русия, 4 шаҳрванди Афғонистон, як нафарӣ шаҳрвандони Покистону Куриё ва Сурия парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шудааст.
Зимнан, қайд гардид, ки ин тасмим бо мақсади пешгирии муҳоҷирати назоратнашаванда ва ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар роҳандозӣ карда шудааст.