Талаби HRW аз ҳукумати Тоҷикистон барои озодии Зайд Саидов
Ҳюман Райтс Вотч ё Дидбони ҳуқуқи башар 26 сол ҳукми зиндони Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони навро, зарбаи сахте ба озодии баён дар Тоҷикистон дониста, хостори раҳоии ӯ шудааст. Ҷаноби Саидов 25 декабри соли гузашта бо ҳукми Додгоҳи олӣ равонаи зиндон гардид.
Ҳюман Райтс Вотч таъкид мекунад, ки қазияи боздошти Зайд Саидов аз рӯзҳои аввал ғайриқонунӣ буд. Ба гуфтаи он, соҳибкори муваффақи тоҷик дар ҳоле аз сӯи мақомоти қудратӣ ҳангоми вурудаш ба Ватан боздошт шудааст, ки ҳаққи дахлнопазирии вакили шаҳриро дошт. “Танҳо баъд аз як рӯзи боздошт саросемавор шӯрои вакилони шаҳриро даъват ва бо овоздиҳии фаврӣ, ки дар он худи Зайд Саидов ҳузур надошт, дахлнопазирии ӯро бекор карданд”,-омадааст дар гузорииш Ддибони ҳуқуқи башар.
Дидбони ҳуқуқи башар бо такя ба як манбаи наздики худ ба Шӯрои вакилони шаҳрӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, мегӯяд, ҳукумати Душанбе мустақиман аз дастгоҳи президенти Тоҷикистон барои гирдиҳам овардани фаврии вакилон ва лағви дахлнопазирии Саидов дастур гирифтааст. Стив Свердлов, таҳлилгари Ҳюман Райтс Вотч дар умури Осиёи Марказӣ гуфтааст, "ҳукми Саидов барои берун кардани рақиб аз саҳнаи сиёсӣ буд.” Ӯ мегӯяд, изҳороти мансабдорони болоии тоҷик тавассути барномаҳои телевизионҳои давлатӣ дар бораи гунаҳкории Саидов аз номустақилияти мақомоти додгоҳӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад.
Ин созмон бар ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле дар интихоботи президентии 6 ноябри кишвараш пирӯз шудааст, ки дар ин маърака муборизаи воқеии сиёсӣ эҳсос намешуд: “Мақомоти тоҷик дар фазои пешазинтихоботии худ бо маҳдуд кардани озодии баён, ҳабс кардани раҳбарони мухолифон ва саъй барои баргардонидани мухолифони сарсахти дар хориҷбуда банд буданд. Аз ин рӯ, Ҳюман Райтс Вотч аз ҳукумати феълии Тоҷикистон талаб мекунад, ки даст аз таъқиби мухолифони сиёсии худ бардорад.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)