Кабирӣ: "Агар хоҳем, ки моро ба ҳайси миллати сарбаланд шиносанд..." (АКСУ ВИДЕО)
Муҳиддин Кабирӣ , раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки рӯзи 8 феврал дар ҳамоише дар қароргоҳи ҳизбаш сӯҳбат мекард, гуфт, роҳҳали ягонаи аз байн бурдани шиканҷа танҳо ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмии мақомоту ҷомеаи шаҳрвандист. Ӯ афзуд, “масъалаи шиканҷаро дар сурате метавон бартараф кард, ки аз якдигар нагурезему даст аз туҳмат бардорем”. “Агар хоҳем, ки моро ба ҳайси миллати сарбаланду пешрафта шиносанд, бояд шиканҷаро бартараф кунем. Шиканҷае, ки он ҳам аз сӯи сохторҳои интизомӣ сурат мегирад” ,-илова кард кард Кабирӣ. Раиси ҲНИТ аз масъул будани ҳизбаш дар мубориза алайҳи шиканҷа дар кишвар низ хабар дода, гуфт, “ҲНИТ аз ин ба баъд масъул ва вазифадор аст, ки аз мубориза бо шиканҷа ҳимоят кунад ва ин корро мо идома хоҳем дод.” Кабирӣ аз афзоиши ҳолатҳои шиканҷа дар Тоҷикистон низ нигаронӣ карда, гуфт, шумораи парвандаҳои марбут ба шиканҷа дар давоми се соли охир аз марзи даҳҳо убур кардааст. VIDEO
Муҳиддин Кабирӣ аз он изҳори ташвиш кард, ки як рӯз қабл аз баргузории ин ҳамоиш телевизионҳои давлатии кишвар дар бораи боздошти як узви ҲНИТ хабар додаанд. Ӯ намоши қазияи Маҳмадулло Холов, узви ҲНИТ ба иттиҳоми таҷовузкорӣ дар телевизиони кишварро мисол оварда гуфт, “дар ҳоле баргузории як мизи гирди ҲНИТ оид ба шиканҷа барои мақомот ин қадар сангин аст, агар мо икдоми қавитаре гирем, онҳо чӣ кор мекарда бошанд?!” “Ҳар вақт мо тасмим мегирем, алайҳи шиканҷа садо баланд кунем ё ҳимоят кунем, барномаҳои “антинаҳзатӣ” дар телевизионҳои давлатии кишвар намоиш дода мешавад” ,-афзуд ӯ. Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова , ҳуқуқшиноси тоҷик, гуфт, кушта шудани шахсе аз сӯи нафари рутбадор ё мақомот дар ҷомеае, ки қисми зиёди онро мардуми мусулмон ташкил медиҳад, хеле нангин мебошад. Ойниҳол Бобоназарова , роҳбари созмони “Перспектива +” дар ҳамоиши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, хостори ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишвар дар марвиди шиканҷа шуд. Бобоназарова гуфт, онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, бояд мавриди авф қарор нагиранд. Ба гуфтаи роҳбари созмони “Перспектива +”, ҳоло дар Тоҷикистон маҳбусоне мавриди авф қарор гирифта ба озодӣ мебароянд, ки ба иттиҳоми зӯроварӣ ва шиканҷа маҳкум шудаанд: “Ҳоло мебинем бархе, ки бо ҷурми шиканҷа зиндонӣ шудаанд, озод мешаванд.” VIDEO
Ин ҳамоиши Ҳизби наҳзати исломӣ дар пайи марги Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии ин ҳизб, баргузор шуд, ки ба қавли вакилони мудофеаш дар пайи шиканҷа фавтидааст. Вакилони ӯ мегӯянд, мақомот ба далели он ки изи шиканҷа боқӣ намонад, дар бадани ӯ латтаи тар монда, сипас бо нерӯи барқ азият додаанд. Тоҷиев 30 октябри соли гузашта дар Исфара боздошт ва моҳи январи соли ҷорӣ дар бемористони муассисаи ислоҳӣ ҷон бохт. То ҳол таҳқиқи марги ӯ анҷом нашуда, хулосаи коршиносону табибон низ ироа нагардидааст. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)