Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) 6 доварро барои якумрӣ аз ширкат дар ҳама гуна чорабиниҳои вобаста ба футбол маҳрум кард.
Ин доварон, ки 3 нафарашон аз Босния ва Ҳерсоговин ва 3 тани дигар аз Маҷористон будаанд, бо ҷурми фасоди молӣ ва таъсири ғайриқонунӣ ба раванд ва натиҷаи бозӣ муттаҳам мешаванд. Дар бозиҳое, ки ин доварон ҳакамӣ кардаанд, ҳамаи голҳо аз тариқи ҷаримаи 11-метра зада шудаанд, ки дар ҳамаи ҳолатҳо дар қарори довар шубҳаҳои айнӣ ҷой доштааст.
Ҳамчунин федератсияҳои футболи Латвия, Боливия, Булғористон ва Эстония оид ба фаъолияти ғаразноки ин доварон ба ФИФА шикоят бурда, далелҳои сареҳе низ пешниҳод намудаанд.
Акнуни ин доварон умуман ба соҳаи футбол дар ҳамаи сатҳҳо ҳатто наздик буда наметавонанд.{jathumbnail off}