Боздошти "узви ҲНИТ" ба гумони таҷовуз ва эътирози Кабирӣ
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар гузорише, ки тавассути шабакаҳои давлатӣ пахш кард, аз боздошти Маҳмадулло Холов, табиби мардумӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси ноболиғон хабар дод.
Ин ниҳод мегӯяд, Маҳмадулло Холов, ки аз соли 1991 ба ин сӯ, гӯиё узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, дар дастдарозӣ ба номуси ду духтарандар ё духтарони угайи ноболиғаш муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи Кумитаи амният, гӯиё ин табиби мардумии тоҷик -- Мадинаи 17-сола ва Рухшонаи 13-соларо ба таври зӯроварӣ таҷовуз кардааст, ки дуюмӣ дар синни 15-солагӣ соҳиби фарзанд шудааст.
Худи Рухшона низ, ки дар ин бора дар барномаи телевизионӣ суҳбат мекард, ин ҳамаро таъйид карда, гуфт, ба хотири тарс дар бораи ин ҳамхобагӣ бо падарандараш ба модари худ иқрор намешудааст: “Соли 2007 ман аз пияндарам ҳомиладор шуда, соли 2008 фарзанд ба дунё овардам.” Кумитаи амнияти миллӣ дар гузориши худ аз рух додани ин гуна ҳодисаҳо дар кишвар нигаронӣ карда, мегӯяд, ҳоло замоне расидааст, ки бояд қонуни ҷиноии кишвар дар мавриди ҷазои таҷовузгарон бознигарӣ шавад.
“Бар асоси гуфтаҳои уламои дин ҷазои шахси зинокор сангсор мебошад, шояд ҳоло замоне расидааст, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ба муқобили чунин ҷиноятҳои вазнин тағйирот ворид карда шавад”,-таъкид шудааст дар ин гузориш. Тайи як соли охир мақоми интизомии Тоҷикистон дар бораи боздошти аъзои ҲНИТ ва рӯҳониёну табибони мардумӣ, ки гӯиё дар иҷрои амалҳои ғайришаръӣ даст доранд, гузориш медиҳанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, субҳи 8 феврал дар ҳамоише дар қароргоҳи ҳизбаш намоиши боздошти Маҳмадулло Холов тавассути шабакаи телевизиони кишвар ва рабт додани ӯ ба ин ҳизбро барномаи “антинаҳзатӣ” ва сохта хонд. “Дишаб боз як барномаи "антинаҳзатиро" дар телевизиони давлатии кишвар намоиш доданд, ки аз вуҷуди захираи хуби барномаҳои зидди Ҳизби наҳзат дар дасташон дарак медиҳад”,-гуфт ӯ.