Парчамбардории Қудратов ва дастафшонии Раҳмон дар Сочӣ
Алишер Қудратов, танҳо лижароне, ки Тоҷикистонро дар бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ намояндагӣ мекунад, рӯзи 7 феврали соли ҷорӣ дар паради ҳайатҳои варзишӣ парчами кишварро боло бардошт. Ҳангоми гузаштан аз парад ӯро Баҳрулло Раҷабалиев, дабири Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, низ ҳамроҳӣ мекард.
Ин лаҳзаҳоро, ки аксар шабакаҳои ҷаҳонӣ мустақим пахш мекарданд, телевизионҳои давлатии Тоҷикистон низ намоиш доданд. Ҳангоми гузаштани Алишер Қудратов ва ҳайати Тоҷикистон дар паради варзишӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамроҳи сарони кишварҳо дар маросими ифтитоҳи бозиҳои зимистона иштирок дошт, аз ҷои худ бархост ва дастҳояшро боло карду кафкӯбӣ намуд.
Ҷаноби Раҳмон, ки ҳамзамон раҳбарии Кумитаи миллии олимпии кишварро ба ӯҳда дорад, рӯзи 6 феврал барои иштирок дар маросими ифтитоҳи бозиҳои XXII-уми зимистонаи олимпӣ вориди шаҳрии Сочии Русия шуда буд. Вай то замони ифтитоҳи бозиҳои зимистона бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Милош Земан, президенти Ҷумҳурии Чех мулоқоти хос анҷом дод.
Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ то 23 феврал идома хоҳад кард, ки дар он танҳо лижарон Алишер Қудратов аз номи Тоҷикистон қувваозмоӣ мекунад. Қаблан гуфта мешуд, Андрей Дригин, яке дигар аз лижаронҳои тоҷик, дар ин олимпиада ширкат меварзад, вале рӯзҳои охир аз ӯ ном гирифта намешавад ва маълум нест, ҳузури ӯ лағв шуда ва ё вазъи саломатияш иҷоза намедиҳад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)