Қасди ноширони эронӣ барои тасхири бозори Тоҷикистон
Ноширони эронӣ барои омӯзиши бозори табъу нашри Тоҷикистон ва имконоти воридшавӣ ба ин бозор ният доранд, аз Тоҷикистон дидан кунанд.
Дар ин бора аз қавли Маҳмуди Омузгор, раҳбари Иттиҳодияи ноширон ва китобфурӯшони Теҳрон, рӯзномаи "Ҷоми Ҷам"-и Эрон хабар дода афзудааст, ки интизор меравад, боздид аз Тоҷикистон баъди сафари ноширон ба Афғонистон сурат гирад.
Ба иттилои манбаъ беш аз 10 ношири эронӣ бо даъвати иттиҳодияи ноширони Афғонистон, аз 22 то 27 феврали 2014 имконоти нашрро дар шаҳрҳои Кобул, Ҳирот ва Мазори Шариф аз наздик дида, мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Дар пайи ин сафар ноширони эронӣ ният доранд, аз бозори табъу нашри Тоҷикистон низ гузар кунанд.