Раззоқов гуфт, “сохтмони роҳи баҳсбарангез идома дорад”
Қирғизистон мегӯяд, сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузараду баҳонаи тирпарронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз гуфта мешавад, идома дорад.
Ҷениш Раззоқов, намояндаи фавқулодаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Ботканд, рӯзи 7 феврал дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, "сохтмони ин роҳ ҷараён дорад ва идома хоҳад ёфт." Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар 1,3 километрии роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ корҳои пармакунӣ идома дорад. “Бархе қисматҳои ин роҳ ниёз ба тарконидан доранд”,-афзудааст ӯ.
Ин дар ҳолест, ки сохтмони ин роҳ, ки қисмати асосии он аз қаламрави баҳсбарангез мегузарад, 11 январ бо тирпарронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз оварда буд. Шараф Файзуллоев, сардори сарситоди қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шарҳи иллати сар задани ин тирпаронӣ гуфта буд, “ҷониби Қирғизистон ба дастури ноиби нахуствазири Қирғизистон Тоқон Мамитов истинод карда, сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Оқсой-Тамдиқро, ки аксаран аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад, аз нав давом дод.”
Дар ҳоле ки ба гуфтаи генерал Файзуллоев, бар асоси протоколе, ки соли 2008 миёни мақомоти тоҷику қирғиз омода шудааст, ҷонибҳо дар қитъаҳои баҳсбарангези марз, ки ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, набояд сохтмоне ба роҳ бимонанд.
Ин изҳороти Раззоқов дар ҳолест, ки Тоқон Мамитов, ноиби нахуствазири Қирғизистон рӯзи 31 январ, баъд аз мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Муродалӣ Алимардон эълон кард, ки Душанбе мухолифи сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ нест. Ба қавли Тоқон Мамитов, “мо ин мавзӯъро бо ҳайати Тоҷикистон дар миён гузоштем ва Муродалӣ Алимардон гуфт, Тоҷикистон мухолифи сохтмони ин роҳ нест.” Аммо оқои Мамитов нагуфт, ки Тоҷикистон бар ивази чӣ талабе ба идомаи сохтмони роҳи баҳсбарангез ризоият додааст. Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)