Фаъол шудани патрулҳо дар Хоҷаи Аълову Ворух ва Оқсой (АКС)
Мақомоти пулиси Тоҷикистону Қирғизистон барои таъмини амният дар рустоҳои наздимарзии ду кишвар, бахусус Хоҷаи Аълову Ворух ва Оқсой ҳашт гурӯҳ патрулҳои муштаракро фаъол кардаанд. Раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, ин патрулҳо, ки се гуруҳашон бо мошину панҷ ҳайати дигар пиёда мегарданд, аз соати 9-и субҳ то 10-и шаб дар хидмати мардум хоҳанд буд.
Нақшаи фаъолияти патрулҳо:
1. “Автопатрули Чоркӯҳ-Оқсой”;
2. “Автопатрули Сомониён-Кӯктош”;
3. “Автопатрули Ворух-Оқсой”;
4. “Хатсайри пиёдаи Сомониён-Кӯктош”;
5. “Хатсайри пиёдаи Ортобаз”;
6. “Хатсайри пиёдаи Хоҷаи Аъло-Тоштумшук”;
7. “Хатсайри пиёдаи Ворух-Оқсой”;
8. “Хатсайри пиёдаи Зарафшон-Ортобаз”.
Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз муносиботи ду кишвари ҳамсоя ба бӯҳрон рӯбарӯ омадааст. Бишкек, ки баъд аз ин тирпаронӣ сафирашро аз Душанбе фаро хонда буд, то ҳол ба Тоҷикистон нафиристода ва марзҳои бастаашро низ боз нанамудааст. Дар ин тирпаронӣ аз ду тараф ҳашт марзбон маҷрӯҳ шуда, Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро барои оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд. Ҳоло ҳайатҳои ду кишвари ҳамсоя машғули таҳқиқи ин ҳодисаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)