Раисиҷумҳури Чех тирамоҳи соли ҷорӣ ба Душанбе меояд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Сочӣ бо раисиҷумҳури Чех, Милош Земан, масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот ҷонибҳо изҳори боварӣ намудаанд, ки сафари расмии Милош Земан ба Тоҷикистон, ки тирамоҳи соли равон дар назар аст, ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо густариш хоҳад дод.
Ба қавли манбаъ, Милош Земан аз сафарҳои пешини худ ба шаҳри Душанбе ёдовар шуда, изҳор доштааст, ки “бо майли том бори дигар аз ин шаҳри зебо дидан карда, ба густариши робитаҳои судбахш асос мегузорад”. Дар доираи ин сафар имзои як қатор созишномаҳо миёни ду кишвар дар назар аст.