Ҷонишини Бег Зуҳуров: "Намедонем, ҳоло ӯ дар куҷост"
Рафиқҷон Шокиров, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ин бор низ ба ҷои Бег Зуҳуров бо журналистон рӯ ба рӯ шуда, ба саволи онҳо посух гуфт.
Бег Зуҳуров, ки пештар аз ҷумлаи мансабдорони хабарсоз дониста мешуд, дар нишастҳои ахири хабарӣ пайдо намешавад ва бо хабарнигорон низ сӯҳбат анҷом намедиҳад. Муовини ӯ гуфт, “агар Зуҳуров дар Душанбе мешуд, ҳатман дар нишасти хабарӣ иштирок мекард. Мо намедонем, ӯ ҳоло дар куҷост, вале дақиқ аст, ки дар Душанбе нест. Қаблан барои ташкили ҳавзи шиноварӣ ба шаҳри Кӯлоб рафта буд. Ҳозир гуфта наметавонем, ӯ дар куҷо аст.” Ин дар ҳолест, ки пурсишҳое дар бораи сохтмони бинои 16-ошёна аз сӯи ӯ дар Кӯлобу тӯйи писараш бо духтари раисиҷумҳур ва дастураш барои истифода фақат аз интернети “Тоҷиктелеком” дар ниҳодҳои давлатӣ зиёданду худи ӯ бояд посух бигӯяд.
Бо ин ҳол, Рафиқҷон Шокиров дар нишасти хабарии 7 феврал ба чанд масъала, аз ҷумла гирифтани Интернет аз Қирғизистон дахл кард. Ӯ гуфт, дар сурате ки Бишкек барои гирифтани Интернет ба Тоҷикистон мушкил эҷод кунад, онҳо чанд роҳи берун омадан аз ин бӯҳронро доранд. Вай афзуд, “мо имкони гирифтани интернет тариқи Афғонистон ва Узбакистону Хитойро низ дорем, ки дар сурати эҷоди мушкил аз ин роҳ кор мегирем.”
Ҷаноби Шокиров дар ин сӯҳбати рӯбарӯяш бо хабарнигорон дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи истифода кардани ниҳодҳои давлатӣ танҳо аз интернети “Тоҷиктелеком”-ро тасдиқ кард ва гуфт, он бо ҳадафи милликунонии Интернет сурат мегирад. “Ин дастур ба вазорату идораҳои давлатӣ дар доираи қонун, тибқи қарори ҳукумат таҳти №550 дода шудааст ва ба дигар ширкатҳои интернетрасон монеа эҷод намекунад”,-афзуд ӯ.
Номбурда иброз дошт, ҳоло шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон беш аз 3 миллионро ташкил медиҳад ва аз ҳар сад сокини кишвар 47 тан аз интернет истифода мебаранд. Ба қавли масъулини Хадамоти алоқа, соли 2013 ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба муштариён зиёда аз 1 миллиарду 749 миллион сомониро ташкил додааст. Муовини раиси Хадамоти алоқа инчунин хабар дод, ки сохтмони бинои 30-ошёна дар маҳалли собиқи бинои “Почтаи тоҷик” дар маркази Душанбе ҳам шуруъ шуда, корҳои он то панҷ соли дигар хотима хоҳад ёфт. Вай гуфт, маблағи сохтмони ин биноро Хадамот ва ширкатҳои мухобиротии кишвар пардохт мекунанд.Дар акс:
1. Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
2. Рафиқҷон Шокиров, муовини раиси Хадамоти алоқа Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)