Абдураҳим Холиқов мақоми пешинаи Мавлон Мухторовро соҳиб шуд
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, дар Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки раёсаташро Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, мансаби нав гирифтааст. Дафтари матбуоти Кумитаи дин мегӯяд, Холиқов раиси нави ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф”-и ин ҳизб интихоб гардид. Қаблан, ин вазифаро Мавлон Мухторов, муовини пешини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ба ӯҳда дошт.
Ба иттилои манбаъ, раиси тозаиинтихоби “Адл ва Инсоф” якҷоя бо аъзои дигари ҳизби ҳоким дурнамои фаъолияти онро барои соли 2014 муайян намуда, аъзои ҳизбро ба садоқат ба халқу Ватан, раисиҷумҳур ва пешбурди ҳадафҳои ҲХДТ даъват кардааст.
Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки ба унвони “ҳизби ҳоким” ёд мешавад ва 19 соли қабл таъсис ёфтааст, дар ҳоли ҳозир бештар аз 200 ҳазор узв дорад. Соҳибназарон узви бештару фаъолиятҳои густурдаи он дар муассисаҳои таълимӣ, бемористон ва тамоми ниҳодҳои давлтиро ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд, ки раҳбарии ин ҳизбро бар дӯш дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)