Машъали олимпӣ дар дасти Даврон Муҳаммадиев, тоҷике дар Русия
Даврон Муҳаммадиеви тоҷик, раҳбари намояндагии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Русия, рӯзи 7 феврал ноил шуд, машъали олимпиро бибарад. Тибқи иттилои намояндагии Федератсияи байналмилалии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, номзадии Муҳаммадиевро барои ҳаққи бурдани машъали олимпӣ ширкати Coca-Cola пешбарӣ кардааст, ки шарики раҳпаймоии оташи олимпии “Сочӣ 2014” мебошад.
Муҳаммадиев, доктори илмҳои тиб, ҳанӯз соли 2005 бо ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ мукофотонида шуда, муаллифи даҳҳо матлаби илмӣ мебошад, ки дар расонаҳои байналмилалӣ нашр шудаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)