Саидмукаррам Абдулқодирзода зидди ҳамҷинсгароӣ фатво дод
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ҳамҷинсгароӣ ё муносибати мард бо мард ва ё зан бо занро, маҳкум карда, офат ва мусибат донист. Ӯ, ки 7 феврал дар намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе сӯҳбат мекард, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон бархе аз ҷавонон ба ин амал даст мезананд. “Шарм медорам, ки аз болои минбари масҷид дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунам, вале вазъият инро тақозо мекунад”,-гуфт Абдулқодирзода.
"Мутаассифона, баъзан мешунавем, шахсиятҳои илмноку бофарҳанг ба ин роҳҳо мераванд. Занҳои ҳалоли худро монда, роҳ сӯи мардони ҳаром мегиранд",-таъкид дошт ӯ. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар идома афзуд, “ҳар миллат ва қавм дар ҳар замоне ки ба ин амал даст задааст, ба азоби сахт гирифтор шудааст.” Ӯ баъдан қиссаи қавми лутро ҳам мисол оварда, аз қонунӣ шудани ҳамҷинсгароӣ дар бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва баъзе пешниҳодҳо дар бораи қонунӣ кардани ин амал дар Тоҷикистонро шадидан интиқод кард.
Агарчӣ дар Тоҷикистони суннатӣ касе рӯшод дар бораи ҳамҷинсгароияш сӯҳбат намекунад, вале солҳои охир арфоде пайдо шудаанд, ки бо махфӣ нигоҳ доштани номи худ бо масъулони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва хабарнигорон сӯҳбат мекунанд. Ин мавзӯи замоне пӯшида, баҳори соли 2011, замоне ки созмони “Имконоти баробар” барои бозтоби мунсифонаи масъалаи ақаллиятҳои ҷинсӣ дар расонаҳои Тоҷикистон хабарнигоронро даъват кард, ошкору расонаӣ шуд. Аксари кулли сокинони Тоҷикистон, ки пайрави Исломанд, ин амалро маҳкум намуда, зидди он сӯҳбат мекунанд. Вале дар ислоҳи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар соли 1998, банди марбут ба муҷозоти ақаллиятҳои ҷинсӣ, ки аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда буд, бекор карда шудааст.
Бо ин ҳол, ин шумора, ки дар Тоҷикистон феълан чӣ теъдод аз ҳамҷинсгароён ба сар мебаранд, дақиқ нест. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)